Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Молдова

13.04.2023 11:07

11 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова Руслан Болбочан сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Молдова, хусусан ҳангоми рафтуомад ба Украина ибрози андеша намуд.

20230411-095733.jpg

20230411-090323.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg