Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова

13.04.2023 11:28

10 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова Сергей Харя баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, барои тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ диққати махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳарду давлат зарфияти васеъ ва имкониятҳои истифоданашуда доранд. Аз ин рӯ, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ, инчунин баргузор намудани форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Молдоваро зарур донистанд.

Сергей Харя пешниҳод намуд, ки мулоқоти маҷозии роҳбарияти палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Молдова бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик баргузор карда шавад.

Ҳамзамон, зимни гуфтушунид Сафир намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Микола Ткачро муаррифӣ намуд.

20230410-162438.jpg

20230410-155835.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg