Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати маориф ва тадқиқоти Молдова

13.04.2023 10:40

11 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати маориф ва тадқиқоти Ҷумҳурии Молдова Адриана Казаку сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Молдова табодули афкор намуда, баҳри густариши муносибатҳои ду кишвар, тақвият додани ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф ва мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқиро, аз ҷумла тариқи ба имзо расонидани созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнимуассисавӣ зарур шумориданд.

20230411-104239.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg