Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Молдова

14.04.2023 05:05

12 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Даниэлла Мисайл-Никитин сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ба мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳо байни мақомоти марбути ду кишвар васеъ кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Молдова, инчунин таъмини бемамонияти рафтуомади онҳо ба Украина, таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

20230412-092135.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg