Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Молдова

14.04.2023 05:20

11 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Молдова Сержиу Герчиу баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, таҳким ва рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, пеш аз ҳама дар бахшҳои агросаноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ зарур донистанд. Сафир роҳандозии табодули таҷрибаро байни мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғдорӣ ва ангурпарварӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамсуҳбатон барои густариши робитаҳои дуҷониба ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зикр намуданд, ки доираи васеътари мавзӯъҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла дар бахши агросаноатӣ бояд дар рафти ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ки дар назар аст рӯзҳои наздик баргузор гардад, баррасӣ карда шавад.

20230411-132546.jpg

20230411-131741.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg