Рӯзи 10 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо ҳамватанон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Молдова истиқомат мекунанд, баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат роҷеъ ба сиёсати дохилию хориҷӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маълумот дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, инчунин тағйирёбии вазъияти имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон ҷалб намуд.
Д. Назризода роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Молдова маълумот дода, ширкати ҳамватанонро дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба, муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар кишвари будубош тавассути фаъолияти пурсамар ва баргузор намудани ҷамъомадҳои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, Сафири Тоҷикистон дар рафти суҳбат ба шароитҳои зисту фаъолияти кории ҳамватанону шаҳрвандон шиносоӣ пайдо карда, ба саволҳои онҳо посух гуфт. Сафир аз ҳамватанон даъват намуд, ки ҳамеша муттаҳид бошад, ҳамдигарро дастгирӣ намоянд, ба корҳои самаранок машғул шаванд, ба анъанаҳои кишвари будубош эҳтиром гузошта, қонунҳои онро риоя кунанд.
Боиси тазаккур аст, бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ҷамъиятии “Тоҷикони муқими Молдова” таъсис дода шуд ва он дар мақомоти расмии Молдова ба қайд гирифта шудааст.
