Боздиди Сафири Тоҷикистон аз корхонаи «Gospodarul-Rediu»

18.04.2023 07:57

12 апрели соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Gospodarul-Rediu” дидан кард. Дар рафти боздид дипломати тоҷик бо Директори корхона Николай Киктенко ва мутахассисони ҳамкораш вохӯрӣ анҷом дода, бо таҷрибаи ниҳолпарварӣ, хатти истеҳсолӣ ва боғҳои ҶДММ “Gospodarul-Rediu” шиносоӣ пайдо кард. Дар суҳбатҳо ва рафти шиносоӣ бо фаъолияти корхона Котиби давлатии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Молдова Василий Шербан ҳузур дошт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҳандозӣ кардани сафарҳои мутахассисон ва кишоварзони Тоҷикистону Молдоваро ба кишварҳои якдигар, инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи агросаноатиро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мувофиқ донистанд.

ҶДММ “Gospodarul-Rediu” соли 1988 таъсис ёфта, имрӯз ягона корхонае мебошад, ки барои ниҳолпарварӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар Сертификат дорад.

Масоҳати умумии заминҳои кории корхона 320 гектарро ташкил медиҳад ва аслан ба шинонидани ниҳолҳои чормағз фаъолият дорад.

Омода кардани ниҳолҳои чормағзи пайвандшуда бо дастгирии илмии мутахассиси пешқадами чормағзпарвари Молдова, доктори илмҳои кишоварзӣ, муаллифи навъҳои беҳтарини чормағзи молдовӣ Иван Суркан, ба роҳ монда мешавад.

Корхона дар як сол аз 100 то 145 ҳазор дона ниҳоли чормағзи пайвандшуда истеҳсол мекунад, ки беш аз нисфи он ба кишварҳои Руминия, Кипр, Озарбойҷон, Украина, Россия ва Қазоқистон содир мешавад.

ҶДММ “Gospodarul-Rediu” ба масири байналхалқии сайёҳӣ ворид шудааст ва барои туризми кишоварзӣ пешравиҳои калон дорад.

20230412-142840.jpg

1.jpg

20230412-142916.jpg

20230412-143148.jpg

2.jpg

20230412-144212.jpg

20230412-144351.jpg

20230412-144246.jpg

20230412-154307.jpg

20230412-155906.jpg

20230412-155751.jpg

20230412-160720.jpg

20230412-155952.jpg

20230412-161227.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg