Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Украина

01.05.2023 13:29

Рӯзи 29 апрели соли 2023 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо ҳамватанони муқими Украина баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сафир роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина ва Ҷумҳурии Молдова ибрози назар карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро барои амалисозии нақшаҳои кории Сафорат, бахусус вобаста ба ҳамкорӣ бо ҳамватанон ҷалб намуд.

Д.Назризода саҳми ҳамватанони бурунмарзиро ҳамчун шарикони рушд дар ободонии ватан, инчунин муаррифии мусбии симои Тоҷикистон дар кишвари иқомат муҳим арзёбӣ намуда, дар ин раванд муттаҳидии беш аз пеши онҳоро омили муҳим номид. Сафир зикр намуд, ки дар Украина ҳамватанони муваффақ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш ва тиҷорат зиёданд ва зарур аст, ки сафи онҳо афзояд. Ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ байни ҳамватанон, андешидани тадбирҳо барои ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикиӣ барои фарзандон, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомадҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ, аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки роҷеъ ба онҳо Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Сафир ба ҳамватаноне, ки дар баргузор намудани ҷамъомадҳо кумак мерасонанд, изҳори сипос намуда, ба саволҳои ҳозирин посух дод.

20230429-144920.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg