Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сафири навтаъини Озарбойҷон

20.06.2023 10:13

15 июни соли 2023 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Киев вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Озарбойҷон Сеймур Гурбан оглу Мардалиева баргузор гардид.

Зимни суҳбат Д. Назризода Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷонро бо ба муносибати таъин шуданаш муборакбод карда, ба ӯ муваффақиятҳои нав орзу намуд. Сипас ҷонибҳо роҷеъ ба заминаҳои таърихию фарҳангии робитаҳои халқҳои тоҷику озар, рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон табодули назар карданд. Сафирон дар бораи вазияти кишвари будубош мубодилаи намуда, зарурати дарёфти роҳҳои нави вусъат додани гардиши мол, истифодаи даҳлезҳои нави фиристодани бор, ҳамкориҳои байни сафоратҳо дар Киев, баргузор намудани ҷамъомадҳои муштараки фарҳангиро зикр карданд.

20230615-160111.jpg

20230615-162809.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg