26 июни соли 2023 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Киев, вилояти Киев ва меҳмонони украинӣ иштирок доштанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода зимни баромади худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, роҷеъ ба ҷанги шаҳрвандӣ, аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи навин - давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Таъкид карда шуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ даст ёфт ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ оғоз гардиданд.
Сипас Сафир дар бораи тараққиёти имрӯзаи ҷумҳурӣ, алалхусус, рафти амалишавии ҳадафҳои стратегие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардаанд, маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамаи ин пешравиҳо ба туфайли ваҳдати ҷомеа ва сулҳу суботи кишвар ба даст омадаанд.
Роҳбари Намояндании дипломатӣ ҳамчунин зикр намуд, ки аз рӯзи барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина байни ду давлат ба мақсади тақвияту густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо беш аз 90 созишнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Ӯ таъкид дошт, ки ҳамкориҳои ду кишвар самтҳои зиёдро дар бар мегиранд, ки миёни онҳо гидроэнергетика, тандурустӣ, илм, маориф, саноат, кишоварзӣ муҳим мебошанд.
Пас аз қисми расмии чорабинӣ ҳамватанон дар мусобиқаҳои варзишии рӯимизӣ иштирок намуданд.