Мулоқоти Сафир бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Украина

05.09.2023 17:23

4 сентябри соли 2023 дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Украина Геннадий Чижиков доир гардид.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украинаро дар соҳаи иқтисоду савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту транзит мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ оид ба таъмини иштироки ҳайати соҳибкорони украинӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

IMG-20230905-WA0005.jpg

IMG-20230905-WA0004.jpg

tpp.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg