9 сентябри соли 2023 дар шаҳри Киев бахшида ба 32-умин солгарди Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони диаспораи тоҷикон, меҳмонони украинӣ ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Украина иштирок доштанд.
Дар ҷамъомади ҷашнӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар суханронии худ оид ба дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият, роҳандозии муваффақони сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, ҳозиринро бо Рӯзи истиқлоли ҷумҳурӣ табрик гуфт.
Сафир ба намояндагони фаъоли диаспораи тоҷикон дар Украина сипосномаҳои Сафорат ва ба соҳибкори тоҷик Ориф Одинаев ба муносибати кушодашавии чойхонаи «Роҳат», ки соҳиби он аст ва ҷамъомад дар он ҷо баргузор гардид, тӯҳфаи хотиравӣ супорид.
Дар ин ҷамъомад вакилони Радаи Одии Украина Денис Маслов - роҳбари гурӯҳи порлумонии Радаи Олии Украина оид ба робитаҳои байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сергей Нагорняк бо сухан баромада, аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои Украина ва Тоҷикистонро қайд карда, ҳозиринро ба ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон табрик намуданд.