Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии илмии кишоварзии Академияи миллии илмҳои кишоварзии Украина

26.10.2023 13:13

25 октябри соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Китобхонаи миллии илмии кишоварзии Академияи миллии илмҳои кишоварзии Украина боздид ба амал овард.

Дар рафти мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори китобхона Виктор Вергунов оид ба ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина мубодилаи афкор сурат гирифт ва дар бораи таъриху фаъолияти китобхонаи мазкур ибрози назар карда шуд.

В.Вергунов пас аз мулоқот ҳайати Сафоратро бо дастовардҳо ва тарзи пешбурди фаъолияти китобхона шинос намуд. Аз ҷумла, аз толорҳои нигоҳдории китобҳо ва харитаҳои таърихии ҷуғрофӣ, лаборатория ва толори нусхабардории китобҳо, толорҳои мутолиаи китоб ва гӯшаҳои китобҳои хориҷӣ, бахусус гушаи китобҳои Тоҷикистон дидан карданд.

Маврид ба зикр аст, ки китобхона соли 1917 таъсис ёфта, фонди он зиёда аз 1 миллион китоб бо 32 забон ва аз 59 давлати ҷаҳон иборат мебошад. Ҷолиб аст, ки миёни китобҳои давлатҳои хориҷӣ, китобҳо аз Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шудаанд ва мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҳамзамон дар рафти боздид ҷонибҳо оид ба идома додани мубодилаи китобҳо ва таҷрибаи мутахассисони кишоварзии Тоҷикистону Украина, инчунин ташкил намудани сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои соҳавии ҳарду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар фарҷоми боздид Сафири Тоҷикистон дар китоби меҳмонони фахрии китобхона бо дарҷи таассуроти хос ва таманиёти нек соядаст гузошт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg