Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо директори Институти масъалаҳои об ва мелиоратсия

30.10.2023 12:53

27 октябри соли 2023 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Директори Институти масъалаҳои об ва мелиоратсияи Академияи миллии илмҳои кишоварзии Украина Михайло Ятсюк баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот оид ба ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина мубодилаи афкор сурат гирифт ва дар бораи таъриху фаъолияти институти мазкур ибрози назар карда шуд. Ҷонибҳо роҳандозии мубодилаи таҷрибаи мутахассисони соҳаи хоҷагии об ва кишоварзии Тоҷикистону Украинаро бо назардошти истифодаи таҷрибаи касбии мутахассисони украинӣ дар ин соҳа ва инчунин ташкил намудани сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои соҳавии ҳарду кишвар зарур донистанд.

Сафири Тоҷикистон таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои асосии ташаккулёбии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар тавлиди энергияи сабз дар арсаи байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол мекунад. Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки баррасии масъалаҳои марбут ба оби тоза яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар мебошанд ва дар ин замина панҷ ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Дипломати тоҷик ҳамчунин қайд кард, ки баҳри рушди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро элон кард, ки амалӣ кардани он пеш аз ҳама ба амалӣ кардани лоиҳаҳои зиёд дар соҳаи энергетика вобастагӣ дорад ва дар ин самт корҳои назаррас бомаром идома доранд.

Пас аз вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти яке аз озмоишгоҳҳои институт, ки ба санҷиши таҷҳизоти дар обёрии чакравӣ истифодашаванда машғул аст, шинос гардид.

1.jpg

20231027-111503.jpg

5.jpg

20231027-124451.jpg

1010.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg