Мулоқоти маҷозии роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Украина

01.11.2023 17:04

Бо ташаббуси Сафорат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина мулоқоти маҷозии Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва Президенти Палатаи савдо ва саноати Украина Геннадий Чижиков 31 октябри соли 2023 баргузор гардид.

Логистика ва афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистон ва Украина аз масъалаҳои асосии вохӯрӣ буданд. Энергетика, дорусозӣ ва кишоварзӣ самтҳои ҷолиб ва ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар мебошанд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷ. Ҷумахонзода роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои тақвиятдиҳандаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина ва имкониятҳои тақвият бахшидан ба гардиши мол байни ду кишвар ибрози назар намуд. Ба мақсади таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ Ҷ.Ҷумахонзода баргузор намудани вохӯрии маҷозии соҳибкорони Тоҷикистону Украина, омода кардани сафарҳои соҳибкорон ба кишварҳои якдигар ва ташкил кардани корхонаҳои муштаракро зарур шуморид.

Президенти Палатаи савдо ва саноати Украина Г. Чижиков таъкид кард, ки “масофа набояд барои савдои самарабахш монеа шавад, Украина “Роҳи абрешим”-и нав дар Осиёи Марказиро ҷустуҷӯ мекунад ва Тоҷикистон метавонад дар ташаккули он ҷалб шавад”. Ӯ ҳамзамон ба раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷ. Ҷумахонзода барои даъват ва иштироки ройгони ширкатҳои узви Палатаи савдо ва саноати Украина дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои байналмилалии Тоҷикистон, инчунин ҳавасмандӣ ба вусъат додани имкониятҳои тиҷоратии дутарафа, ибрози сипосу миннатдорӣ кард.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода иштирок ва суханронӣ намуд.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg