Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Украина

28.12.2023 17:25

28 декабри соли 2023, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо ҳамватанони муқими Украина баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сафир роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, инчунин ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Украина ва Молдова ибрози назар карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро барои татбиқи нақшаҳои кории Сафорат, бахусус вобаста ба ҳамкорӣ бо ҳамватанон ҷалб намуд.

Д.Назризода саҳми ҳамватанони бурунмарзиро ҳамчун шарикони рушд дар ободонии Ватан, инчунин муаррифии симои мусбии Тоҷикистон дар кишвари иқомат муҳим арзёбӣ намуда, дар ин раванд муттаҳидии беш аз пеши онҳоро омили муҳим номид. Ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ байни ҳамватанон, андешидани тадбирҳо барои ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандон, дастгирии нафарони соҳибистеъдод, доир намудани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки роҷеъ ба онҳо роҳбари Намояндагии дипломатӣ ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Сафир ҳамватаноне, ки дар баргузор намудани ҷамъомадҳо кумак мерасонанд, изҳори сипос намуд ва ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуд.

20231228-142133.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg