Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои кишоварзии Украина

17.01.2024 16:18

16 январи соли 2024 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Академияи миллии илмҳои кишоварзии Украина Ярослав Гадзало баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот оид ба ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина дар соҳаи илму маориф, омодасозии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкории олимону мутахассисони ин соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Я.Годзало дар бораи таърихи академия ва саҳми он дар рушди иқтисоди кишвар маълумот дода, дар бораи дастовардҳои илм дар гирифтани навъҳои наву серҳосили гандум, ҷуворимакка, картошка, помидор, дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, ангур, чормағз, татбиқи илм дар истеҳсолот, коркардҳои нав дар самти истифодаи обёрии қатравӣ мисолҳои зиёд пеш овард.

Зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон таъкид дошт, ки захираҳои асосии оби равони минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва ҷумҳурӣ дар тавлиди энергияи сабз дар арсаи байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол мекунад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки баррасии масъалаҳои марбут ба оби тоза яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар мебошанд ва дар ин замина панҷ ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Ҷонибҳо роҳандозии мубодилаи таҷрибаи мутахассисони соҳаи хоҷагии об ва аграрии Тоҷикистону Украинаро бо назардошти истифодаи таҷрибаи касбии мутахассисони украинӣ дар ин соҳа ва инчунин ташкил намудани сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои соҳавии ҳарду кишварро зарур донистанд.

20240116-131614.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg