Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муфтии олии Украина

18.01.2024 21:51

18 январи соли 2024 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Муфтии олии Украина, Роҳбари Идораи динии мусулмонони Украина шайх Аҳмед Тамим сурат гирифт.

Дар доираи вохӯрии мазкур Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҷойгоҳи дину мазҳаб дар низоми давлатдории ҷумҳурӣ ва ҷомеа, фаъолияти Шӯрои уламои Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Украина иттилоъ дода, ба ҳамкорӣ бо тоҷикони муқими Украина таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд.

Махсусан зикр гардид, ки дар соли 2018 бо мақсади муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул карда шуд.

Зимни сӯҳбат шайх Аҳмед Тамим аз иштироки худ дар баргузории Конфронс бахшида ба 1310-солагии Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзам таҳти унвони “Моҳияти таҳаммулпазирии таълимоти Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар”, ки бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ёдоварӣ карда, ба он баҳои баланд дод.

Сипас ҳамсуҳбатон роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳои байни Идораи динии мусулмонони Украина ва Шӯрои уламои Тоҷикистон, таҳсили шаҳрвандон дар мактабҳои динӣ, роҳҳои мубориза бо экстремизми динӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Боиси тазаккур аст, ки Идораи динии мусулмонони Украина соли 1992 таъсис ёфта, ҳоло бузургтарин ташкилоти мусулмонии ин кишвар мебошад.

20240118-114004.jpg

20240118-114223.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg