Сафири Тоҷикистон аз гӯшаи Садриддин Айнӣ дар Китобхонаи ба номи Анатолий Димарови ш. Киев дидан кард

08.02.2024 10:36

7 феврали соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев боздид ба амал овард.

Зимни боздид вохӯрии Сафир бо Директори китобхона Светлана Батюк доир гардид ва дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ диққати махсус доданд.

Дар Китобхона бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ гӯшаи махсус таъсис дода шуда, дар он аксари асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд, нимпайкараи С.Айнӣ ва гилемчаи дастбофте бо акси ӯ гӯшаро зеб медиҳанд.

Дар рафти боздид Д.Назризода ва С.Батюк ба мувофиқа расиданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Украина барои таъмини гӯшаи Садриддин Айнӣ бо китобҳо ва маводи иловагии зарурӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад, инчунин ҷамъомадҳои муштараки фарҳангӣ баргузор хоҳанд кард.

5.jpg

3.jpg

20240130-153408.jpg

20240130-150339.jpg

20240130-151828.jpg

20240130-151842v.jpg

20240130-151842.jpg

20240130-151842a.jpg

20240130-151842b.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg