Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина

01.03.2013 07:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 барақарор шудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина фаъолияти худро дар Украина соли 2010 оғоз кардааст.

Аз соли 2012 Сафорати Украина дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Аз соли 2021 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Назризода Давлаталӣ Ҳайдар мебошад.

Аз соли 2022 сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евдокимов Валерий Николаевич мебошад.

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 80 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.

Санади муҳиме, ки муносибатҳои дуҷониба бар он асос ёфтаанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина аз 6 июли соли 2001 мебошад.

Дар густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Украина сафарҳои мутақобилаи сарони давлатҳо нақши хосса доранд.

Дар маҷмуъ, 4 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина сурат гирифтааст, ки охирин сафари расмӣ моҳи июли соли 2012 баргузор гардидааст. Дар навбати худ, президентҳои Украина се маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд, ки маротибаи охир соли 2011 баргузор гардидааст. Дар диораи сафар масъалаҳои ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаҳои энергетика, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, аз он ҷумла истеҳсоли дастгоҳҳои электрикӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Украина дар доираи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Радаи Болоии Украина ва Гурӯҳи парлумонии Радаи Болоии Украина оид ба муносибатҳои байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд мекунанд.

Машваратҳо байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории мақомоти сиёсати хориҷӣ мунтазам доир мегарданд.

Моҳи майи соли 2021 машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид. Моҳи июни соли 2021 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Украина дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар фароянди он Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

30 апрели соли 2024 ройзаниҳои сиёсии навбатии тарафҳо бо иштироки муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Украина, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи минбаъдаи онҳо табодули афкор намуданд.

 Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Украинаро як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ танзим мекунанд.

Гардиши моли хориҷии ду кишвар дар моҳҳои январ-декабри соли 2024, 21 миллиону 135,9 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.

Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки соли 2003 таъсис ёфтааст, дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ нақши муҳим дорад. Дар маҷмуъ, шаш ҷаласаи комиссия мазкур баргузор шудааст, ки маротибаи охир моҳи октябри соли 2021 дар шакли маҷозӣ доир гардид.

Ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни кишварҳо рушд ёфта истодаанд. Тайи солҳои ахир байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Украина ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва башардӯстона ба имзо расидааст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина ба наздикии мавқеъҳои ҷонибҳо роҷеъ ба аксар масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба асос ёфтааст.

14.04.2025

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg