Ҷашни Наврӯз ва гулгузорӣ дар пояи нимпайкараи Зардушт дар Киев

20.03.2024 21:42

20 марти соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Академияи байниминтақавии идоракунии кадрҳои шаҳри Киев боздид намуд.

Дар мулоқоти Сафир бо Ректори Академия Кирилл Муравёв ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои илму маориф ва роҳҳои густариши онро баррасӣ карданд. Ба ҳамкории байни донишкадаҳо диққати махсус дода шуд.

Сипас Сафир дар якҷоягӣ бо роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Академия ба пояи нимпайкараи пайғамбар Зардушт, ки дар саҳни Академия ҷойгир аст, гулчанбар гузошт.

Пас аз маросими гулгузорӣ Сафири Тоҷикистон дар толори Академия дар назди устодону донишҷӯёни Академия суханронӣ карда, дар бораи таърихи Наврӯз, ойинҳои он, таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун иди баҳору меҳнат, дар бораи пайғамбар Зардушт ва дини зардуштӣ, таъсири ин дин ба фарҳанги мардуми тоҷик ҳарф зад. Сафир инчунин дар бораи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Украина дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маълумот дод.

Шарқшиноси украин Александр Шокало суханронии худро ба Наврӯз ва иртиботи он бо дини зардуштӣ бахшида, дар бораи шабоҳатҳои анъанаҳои қадимии фарҳангии халқҳои украину тоҷик сухан гуфт.

1-1f.jpg

1-2f.jpg

1-2l.jpg

1-2n.jpg

2-1.jpg

2-4.jpg

2-5.jpg

2-7.jpg

9.jpg

10.jpg

11.jpg

12.jpg

14.jpg

16.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg