Вохӯрии роҳбарони ду донишгоҳи тоҷикистонӣ ва украинӣ

09.04.2024 22:43

8 апрели соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина вохӯрии маҷозии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Григорий Сковорода дар Переяслави Украина бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориро байни ду донишгоҳ баррасӣ намуданд. Инчунин масъалаҳои вобаста ба табодули таҷриба миёни донишгоҳҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, дар зимн ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи онҳо эълон намуданд.

Ректори Донишгоҳи Григорий Сковорода дар Переяслав Виталий Котсур барои роҳандозии ҳамкории судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои пайгирона пеш бурдани онҳо ба имзо расондани созишнома ё дигар намуди санади ҳамкориро зарур шумурд, ки ин пешниҳод аз ҷониби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода дастгирӣ ёфт.

Сафири Тоҷикистон роҳбарони донишгоҳҳоро барои вохӯрии нахустин шодбош гуфта, зикр намуд, ки ҳарду ҷониб ҳам барои ҳамкорӣ зарфияту имкониятҳои хуб доранд ва Сафорат барои дастгирии рушди муносибатҳо ёрию дастгирии худро дареғ нахоҳад дошт.

20240408-120507.jpg

20240408-121855.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg