Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Киев

22.04.2024 16:24

20 апрел дар чойхонаи тоҷикии “Роҳат” дар шаҳри Киев ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки ҳамватанони муқими Украина ва меҳмонони украинӣ баргузор гардид.

Дар маҳфили наврӯзӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода ҳозиринро ба муносибати Соли нави аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ёдовар шуд, ки ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва зебоии баҳор мебошад, ҳоло ҷуғрофиёи худро хеле васеъ карда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии тамоми башарият эътироф шудааст.

Сафир дар интиҳо чанде аз ҳамватанонро, ки дар баргузор намудани ҷамъомадҳои фарҳангӣ нақши сазовор доштанд, бо сипосномаҳо сарфароз намуд. Инчунин се меҳмони ҷамъомад, ки дар рушти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина саҳм гузоштаанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин барои муаррифии ин ҷашни куҳанбунёди тоҷикон маводи иттилоотӣ роҷеъ ба таърихи пайдоиш, анъанаҳо ва паҳншавии Наврӯз намоиши намунаи ҳунарҳои санъати дастии мардуми тоҷик аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

6aa.jpg

7aa.jpg

8a.jpg

9a.jpg

10.jpg

11.jpg

12.jpg

13.jpg

15.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg