3 майи соли 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар оромгоҳи Байковеи шаҳри Киев барои гиромидошти хотираи фарзанди Тоҷикистон – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев ҷамъомади ёдбуд баргузор намуд.
Пас аз маросими гулгузорӣ ва қироати порае аз Қуръони маҷид назди оромгоҳи Саидқул Турдиев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар назди ҳозирин дар бораи иштироки афсарону сарбозони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамониҳои онҳо дар майдони ҷанг суханронӣ намуд. Сафир гуфт, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон қариб 300 ҳазор ба ҷанг сафарбар гардид, ки аз ин шумора қариб 70 ҳазор дар майдони ҷанг ҳалок гардид.
Дипломати тоҷик зикр намуд, ки Саидқул Турдиев яке аз депутатҳои Шӯрои Олии ИҶШС буд, ки соли 1938 дар интихоботи нахустин соҳиби ин ваколат шуда ва ҳангоми ба ҷанг сафарбар шудан муовини комиссари халқ оид ба кишоварзии Тоҷикистон буд ва бо аризаи худаш ба фронт фиристода шуд. Моҳи октябри соли 1943 бо ротаи худ дарёи Днепрро убур намуда, дар ҷангҳои назди Киев фармондеҳии баталйонро ба уҳда гирифт ва қаҳрамонона ҳалок гардид.
Дар ҷамъомади ёдбуд намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими Украина ва намояндагони украинӣ, аз ҷумла ноиби муфтии мусулмонони Украина ва роҳбари маъмурияти оромгоҳи Байкове иштирок доштанд.