Видеоконфронс оид ба ҷалби сармоя

27.05.2024 12:35

24 майи соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Конфронси маҷозӣ байни намояндагони расмии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати мароккашии “Магреб-Восток” оид ба ҷалби сармоя ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Марокко баргузор гардид.

Чорабиниро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода оғоз намуд ва идомаи он бо суханрониҳои намояндагони Тоҷикистону Марокаш сурат гирифт.

Дар видеоконфронс масъалаҳои мушаххас – таъсис додани хонаҳои савдои “Ҷумҳурии Тоҷикистон – Баҳри Миёназамин” дар шаҳрҳои Душанбе ва Работ, баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони конфронс тасмим гирифтанд, ки масъаларо бо назардошти таклифу андешаҳои пешниҳодшуда амиқтар омӯхта, сари муҳокимаи якҷояи он бармегарданд.

msg6409251851-1134.jpg

msg6409251851-1143.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg