14 июни соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Лвов бо тоҷикони муқими он минтақа вохӯрӣ намуд.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат роҷеъ ба сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, тадбирҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди устувори кишвар маълумот дода. Инчунин дипломати тоҷик роҷеъ ба ҳолату дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина маълумот дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақшаҳои ояндаи Сафорат, баргузор намудани ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуд.