Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо доктори илмҳои филологӣ, профессор Илнитский Микола

24.06.2024 17:57

  15 июни соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар доираи сафари кории худ ба вилояти Лвови Украина бо Микола Миколайович Илнитский - доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви фаъоли Академияи миллии илмҳои Украина вохӯрд.

Микола Илнитский асарҳои шоирони машҳури тоҷик, аз ҷумла, достонҳои “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҳикоятҳо аз “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозиро аз забони асл ба забони украинӣ тарҷума кардааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба маъруфияти асарҳои адибони тоҷику форс дар Украина ибрози назар намуда, роҷеъ ба тарҷума ва нашри эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик ба забони украинӣ ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

IMG-3333.jpg

IMG-3322.jpg

IMG-3494.jpg

IMG-3508.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg