Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Киев

27.06.2024 08:00

26 июни соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад меҳмонони украинӣ, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Киев ва вилояти Киев иштирок доштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода зимни баромади худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, роҷеъ ба ҷанги шаҳрвандӣ, аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар барқарории оштии миллӣ ва пешрафти ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Таъкид карда шуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ даст ёфт ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ оғоз гардиданд.

Сипас Сафир дар бораи тараққиёти имрӯзаи ҷумҳурӣ, алалхусус, рафти амалишавии ҳадафҳои стратегие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардаанд, маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамаи ин пешравиҳо ба туфайли ваҳдати ҷомеа ва сулҳу суботи кишвар ба даст омадаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg