Рӯзи 18 июли соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Донишгоҳи байналмилалии аврупоӣ дар Украина Алла Наволокина мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина дар бахши илм ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи донишгоҳ бо мактабҳои олии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.