9 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ереван муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Мнатсакан Сафарян вохӯрӣ кард.
Ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуданд. Тамаркузи махсус ба мавзуҳои машваратҳои сиёсӣ, ки 12-13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин табодули афкор роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan