«Шоми фарҳангии тоҷик» дар ш.Киев

09.02.2025 14:27

5 феврали соли 2025 дар шаҳри Киев бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар ягҷоягӣ бо Бунёди дипломатияи мардумӣ ва Мактаби санъати кӯдакони №2 ш. Киев ҷамъомади фарҳангӣ зери унвони "Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо" баргузор гардид.

Дар ҷамъомади  намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ш.Киев, олимон ва аҳли адабу ҳунар, ходимони ҷамъиятӣ ва дӯстони Тоҷикистон, инчунин ҳамватанони муқими ш.Киев иштирок намуданд.

Қисми аввали ҷамъомад бо намоиши нигораҳои рассомони тоҷику украинӣ, аксҳои манзараҳои Тоҷикистон, ашёи маҳсули ҳунари мардумӣ ва асбобҳои мусиқӣ оғоз гардид. Як қисми муҳими намоишгоҳро нигораҳои рассоми хизматнишондодаи Украина Григорий Довженко бо номи «Тоҷикистон дар эҷодиёти Григорий Довженко: солҳои 1941-1944» ташкил дод.

Дар қисми асосии чорабинӣ, ки аз барномаи фарҳангӣ иборат буд, Сафири Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо муроҷиат ба суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҳифзу рушди фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, дар бораи нақши бузурги фарҳанг дар пешрафти ҳамкориҳо сухан ронд зикр намуд, ки ин нишасти фарҳангӣ ба ҷашни Сада низ вобастагӣ дорад. Роҳбари намояндагии дипломатӣ зикр намуд, ки имрӯз Тоҷикистону Украинаро дӯстӣ муттаҳид месозад, ки он дар муносибатҳо ва ҳамкориҳои ин ду кишвар, махсусан дар соҳаи фарҳанг инъикос меёбад.

Инчунин дар рафти ҷамъомад Александр Шокало — шарқшинос, нависанда, бунёдгузор ва сардабири маҷаллаи «Український Світ», Тетяна Серебренникова — мудири шуъбаи китобхонаи халқии ба номи Леся Украинка, мутахассис оид ба гулдузии анъанавӣ; Федор Лавриненко — директори Бунёди дипломатияи мардумӣ ва Клавдие Довженко -аъзои Иттифоқи миллии рассомони Украина суханронӣ намуданд.

Шарқшиноси украин Александр Шокало дар бораи хешу табории анъанаҳои фарҳангии халқҳои тоҷику украин, аз ҷумла дар бораи ба ҳам монанд будани ҷаҳонбинии кишоварзӣ, гидронимҳо, топонимҳо, ёдгориҳои забонӣ, урфу одатҳои мардумӣ, расму оинҳои идонаи офтобӣ ва рамзи ороиши мардумӣ сухан ронд.

Олим ва шарқшиноси украинӣ Александр Шокало роҷеъ ба ҳаммонандии фарҳанги халкҳои тоҷику украин, аз ҷумла дар расму оинҳо, маҷмӯъи номҳои ҷуғрофӣ, забонҳо, либоспӯшӣ ва намунаҳои гулдӯзӣ суханронӣ намуд.

Дар кисми бадеии чорабинӣ донишҷуёни факултети шаркшиносии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко аз ашъори классикони назми точик ва намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ ва украинӣ, наворҳо дар бораи ҷашни Садаву имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон, инчунин барномаи консертии муштарак (суруду оҳангҳо ва рақсҳои миллии ду кишвар дар иҷрои ҳунармандони ҷавон аз ҳисоби мактаббачагони украинӣ бо либосҳои миллии тоҷикию украинӣ) сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg