Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, расонида мешавад, ки рӯзи 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба ин муносибат дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Киев 2 март аз соати 08:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд.
Аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина будубош доранд, даъват ба амал оварда мешавад, то дар ин маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳангоми овоздиҳӣ доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ҳатмист!
Макон: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Киев
Суроға: паскӯчаи Зверинетский, хонаи 3
Телефон барои тамос: +38 093-018-93-23