Маҳфили фарҳангӣ дар Киев

01.03.2025 20:21

         27 феврали соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо иштироки ҳамватанони муқими шаҳру вилояти Киев ва намояндагони зиёиёни маҳаллӣ аз шаҳрҳои Киев, Одесса ва Харков маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳуввияти миллӣ ва эҳсосӣ ватандӯстӣ” доир гардид.

         Дар ҳошияи чорабинӣ рӯнамои китоби сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Осори мунтахаб”, ки чанде пеш дар шаҳри Харкови Украина бо забони украинӣ чоп шуда буд, низ баргузор шуд. Ин китоб бо ташаббус ва дастгирии молиявии “Бунёди Денис Парамонов” ба нашр расидааст.

          Ҳамчунин китоби тозанашри “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924” (муаллифи он номзади илмҳои таърих, Сафири Тоҷикистон дар Украина) муаррифӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки дар ин китоб муаллиф аз ҳодисаҳои таърихие ёдовар мешавад, ки чи гуна мардуми сарбаланд, баору номуси мо дар ҳамон солҳои вазнин баҳри таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида дар Осиёи Марказӣ талош варзидаанд.

          Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар бораи зарурати таҳкими ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз забону фарҳанги худ изҳори назар намуда, аз нуқтаҳои муҳимми паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ёдовар шуд .

        Роҳбари намояндагии дипломатӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ба ин муносибат дар бинои Сафорат низ маросими овоздиҳӣ доир мегарадад. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина будубош доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоянд.

       Сафир ҳамчунин аз он ёдовар шуд, ки моҳи июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 700-солагии бузургдошти шоири номвари классики тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мешавад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тантанаҳои фарҳангӣ ба муносибати 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омодагӣ гирифта истодааст.

       Ҳозирин аз чоп ва муаррифии китоби сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Осори мунтахаб” бо забони украинӣ дар кишвари иқомат изҳори хурсандӣ намуда, ин иқдомро як падидаи нек дар равобити фарҳангии Тоҷикистону Украина арзёбӣ намуданд.

        Дар ҷамъомад шарқшиноси маъруфи украинӣ Олександр Шокало, устоди Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи пойтахтии Киев ба номи Борис Гринченко профессор Микола Васкив,  ходими калони Донишкадаи адабии ба номи Тарас Шевченкои Академияи миллии илмҳои Украина Олга Тетерина, мудири кафедраи филологияи славянии Донишгоҳи миллии Украина ба номи Тарас Шевченко Олена Дзюба, директори “Осорхонаи як кӯча” Дмитро Шлонский ва намояндаи “Бунёди Денис Парамонов” Олег Орлов доир ба дӯстии мардуми Тоҷикистону Украина ва ҳамкориҳои фарҳангиву адабии мо изҳори назар намуданд.

        Мавриди зикр аст, ки дар асоси қарори Раёсати Бунёди адабии Садриддин Айнӣ зимни чорабинӣ як қатор шахсиятҳои маъруфи Украина, бахусус онҳое, ки баҳри муаррифии адабиёт, илму фарҳанги тоҷикон, тарҷума ва нашри асарҳои адибони тоҷик ба забони украинӣ дар кишвари иқомат заҳмат кашидаанд ва имрӯзҳо ин амали некро идома медиҳанд, бо нишони сарисинагии “Бунёди Айнӣ” мушарраф шуданд.

         Ба иштирокдорони ҷамъомад китоби сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Осори мунтахаб” бо забони украинӣ тақдим карда шуд.

        Дар ҳошияи чорабинӣ гушаи Тоҷикистон бо нигораҳои миллии этнографӣ, намоиши китобҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва маводди таблиғотии сайёҳӣ ороста шуда, ба иштирокдорон хурокҳои лазизи миллӣ пешниҳод гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg