Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии Украина ба номи Ярослав Мудрий

29.03.2025 20:50

19 марти соли 2025 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Китобхонаи миллии ба номи Ярослав Мудрийи шаҳри Киев боздид намуд.

Зимни мулоқот бо муовинони директори генералии китобхона Наталя Цукренко ва Оксана Бруй масъалаҳои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва аҳамияти китоб ҳамчун василаи бо ҳам наздик намудани халқҳои мо, баррасӣ гардид.

Сафири Тоҷикистон зимни боздид аз китобхона корти хонандагии онро низ ба даст оварда, аъзои ин махзани дониш гардид.

Ҳамчунин, дипломати баландпояи тоҷик як зумра китобҳои муаллифони тоҷикро, ки ба забони украинӣ тарҷума ва нашр шудаанд, ба китобхона ҳадя намуд. Ин китобҳо хонандагони китобхонаро бо олами нотакрори фарҳанг, анъана ва мероси адабии тоҷикон аз наздик ошно хоҳанд кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg