Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Одесса

03.04.2025 22:23

1 апрели соли 2025 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода зимни сафари корӣ ба шаҳри Одесса аз Донишгоҳи байналмилалии гуманитарӣ боздид намуд.

Бо ҳидояти Президенти донишгоҳ, академик Сергея Кивалов ва ректори он Константин Громовенко Сафири Тоҷикистон бо инфрасохтори муосири донишгоҳ, имкониятҳо ва дастовардҳои илмии ин муассисаи таълимӣ аз наздик шинос гардид.

Дипломати тоҷик аз факултетҳо ва синфхонаҳои ҳозиразамон, маҷлисгоҳи Шӯрои олимон, институтҳои зерсохтории Донишгоҳ ва клиникаҳои стоматологии он, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ҳамчунин лабораторияи муосири лингафонӣ барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, факултаи мудирияти тарабхона ва сайёҳӣ, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи меҳмоннавозӣ омода мекунад, дидан намуд.

Дар толори лабараторияи муосири лингафонии Донишгоҳ маҳорати забондонии донишҷӯёни украинӣ ба намоиш гузошта шуд. Барои мисол, онҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии СММ-ро мустақиман ба чанд забони хориҷӣ тарҷума намуданд.

Дар мулоқот бо ректори Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Одесса Константин Громовенко, ки дар рафти он муовини аввали ректор Васил Лефтеров, мудири шуъбаи илмӣ Лариса Раичева ва директори Маркази таълими байналмилалӣ Алборз Паҳлавонзода низ иштирок доштанд, масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ ва имконоти табодули академикӣ баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои таълимии пешбари ҷаҳон як самти муҳими фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии гуманитарӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Одесса изҳор дошт, ки барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоид менамояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg