Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо бонувони тоҷики муқими Киев

11.04.2025 21:59
 

7 апрели соли 2025 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо гӯруҳе аз занону бонувони тоҷикистонии муқими шаҳри Киев мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот Сафир изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои болоравии мақоми онҳо дар ҷомеа чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Сафир қайд кард, ки амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ тавассути истифодаи нерӯи занону бонувон дар ташаккул, пешрафти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ниҳоди давлатдорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии мо ба ҳисоб меравад.

Ӯ зикр намуд, ки занон дар тарбияи насли наврас нақши бузург доранд, нахустин устоди ҳар фард модараш аст, ва ҳоло лозим аст, ки насли ҷавон – ҳам духтарон ва ҳам писаронро барои гирифтани маълумот ва касби хуби замонавӣ раҳнамоӣ кунанд.

Дипломати тоҷик ҳамчунин ба қоидаҳои будубош ҳамватанон дар кишвари иқомат таваҷҷуҳ намуда, аз аҳли нишаст хоҳиш намуд, ки ба ҷавонон ин нозукиҳоро фаҳмонанд, то барои худ ва аҳли хонавода мушкилӣ эҷод насозанд.

Сафир ба онҳое, ки дар чорабиниҳои Сафорат фаъолона иштирок мекунанд, сипосгузорӣ карда, зикр намуд, ки тарғиби фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ дар кишвари будубош барои мустаҳкам кардани дӯстию ҳамкорӣ, васеъ кардани доираи дӯстон имконияти васеъ фароҳам меорад.

Дар анҷоми мулоқот Сафири Тоҷикистон ба саволҳои ҳозирин посух дода, дар бораи роҳҳои аз байн бурдани мушкилоти занону бонувони тоҷик дар хориҷа, бахсус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, изҳори назар намуд. 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg