11 апрели соли 2025 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Ректори Донишгоҳи миллии захираҳои ҳаёт ва илмҳои муҳити зисти Украина Вадим Ткачук доир гардид, ки дар он Президенти донишгоҳи мазкур Станислав Николаенко ва ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ-педагогӣ ва фаъолияти байналмиллалӣ Олександр Лабенко низ иштирок доштанд.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор шуд, масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ ва имконоти табодули академикӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи миллии захираҳои ҳаёт ва илмҳои муҳити зисти Украина яке аз муассисаҳои пешбари маориф, илм ва фарҳанг дар Украина мебошад. Дар ин муассисаи таҳсилотии дорои таърихи куҳан илмҳои марбут ба экосистемаҳои заминӣ ва обӣ, ҷорӣ намудани навтарин агротехнологияҳои экологӣ ва биотехнология, технологияҳои эҳёи бехатарӣ ва ҳосилхезии хок, агротехнологияҳои каммасраф, идоракунии экологӣ ва ҳуқуқӣ дар деҳот, мониторинг ва назорати риояи стандартҳо, сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти коркарди онҳо ва муҳити зист омӯхта мешаванд.
Ректори Донишгоҳи миллии захираҳои ҳаёт ва илмҳои муҳити зисти Украина Вадим Ткачук дар суҳбат бо дипломати баландпояи тоҷик изҳор дошт, ки онҳо омодаанд барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоид намоянд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо инфрасохтори муосири донишгоҳ, имкониятҳо ва дастовардҳои илмии ин муассисаи таълимӣ шинос гардида, аз институтҳои зерсохтории Донишгоҳ ва факултетҳои он, толорҳо барои баргузор намудани маҷлису чорабиниҳо ва Боғи ботаникии донишгоҳ дидан намуд.