Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири навтаъини Қазоқистон дар Украина

15.05.2025 14:41

13 майи соли 2025 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Қазоқистон дар Украина Толежан Барлибаев баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқистонӣ, ки ба тозагӣ ба иҷрои маъмурияташ дар Украина оғоз намудааст, барори кору комёбӣ орзу намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла зарурати густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти муҳиммияти муносибатҳои наздик байни намояндагиҳои дипломати кишварҳоямон дар Украина дар шароити феълӣ, нақшаҳои баргузории чорабиниҳои муштарак дар сатҳҳои гуногун, бахусус фарҳангию гуманитарӣ, дар кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафири Қазоқистон изҳор дошт, ки аз ҳамгароӣ ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва ин омилро яке аз заминаҳои асосии рушди минтақа ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ арзёбӣ мекунад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg