Муаррифии Тоҷикистон дар Бизнес-форуми иқтисодӣ дар Киев

17.05.2025 13:07

16 майи соли 2025 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар Бизнес-форуми байналмилалӣ, ки таҳти унвони "Дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Аврупои Шарқӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ” дар шаҳри Киев доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Бизнес-форум Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода изҳор дошт, ки кишвари мо, дар баробари дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, дорои имкониятҳои фаровони иқтисодӣ-тиҷоратӣ мебошад ва нияти густариши ҳарчӣ бештари ҳамкорӣ, афзудани ҳаҷми тиҷорат ва гардиши мол бо кишварҳои ҳавасманди хориҷӣ, аз ҷумла Украинаро дорад.

Дар ҳузури иштирокчиёни Бизнес-форум ҳамчунин бо истифода аз маводҳои видеоӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат ва технологияҳои нав, энергетика, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар самтҳо муаррифӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Бизнес-форум, ки бо ибтикори “Бунёди дипломатияи мардумии Украина” ва “Донишкадаи дипломатияи мардумии бонувони Украина дар Белгия” баргузор шуд, роҳбарият ва кормандони масъули сафоратхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озорбойҷон ва Молдова, вакилони Радаи Олии Украина, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Палатаи савдо ва саноат, ширкату корхонаҳои истеҳсолии Украина иштирок доштанд.

Ҳозирин таъкид намуданд, ки чунин форуму нишастҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg