Рӯзи 4 июли соли 2025 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади ҷашнӣ бо иштироки намояндагони диаспораи тоҷик доир гардид.
Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода ҳозиринро ба Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, роҷеъ ба моҳияти ваҳдат дар давлатдории тоҷикон ва мисоли равшани он дар солҳои ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ, арзиши он барои рушди устувори кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии мардум ибрози назар намуд. Сафир дар бораи тараққиёти имрӯзаи ҷумҳурӣ, алалхусус, рафти амалишавии чор ҳадафи стратегие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардааст, маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамаи ин пешравиҳо ба тафайли ваҳдати ҷомеа ва сулҳу субот ба даст омадаанд.
Дипломати тоҷик дар бораи ҳолату дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар рушди муносибатҳои ду кишвар, беҳбудии будубоши ҳамватанон дар ин кишвар ҳиссагузор бошанд.