22 июли соли 2025 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи нейрохирургии ба номи академик А.П. Ромоданови Академияи миллии илмҳои тиббии Украина», профессор, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои тибби Украина, академики Академияи илмҳои Украина Володимир Разуменко баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва табодули таҷриба байни мутахассисон ва муассисаҳои тиббии ҳарду кишварро дар соҳаи нейрохирургия баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи дурнамои ташкили сафари мутахассисони украинӣ ба Тоҷикистон, иштирок дар ҳамоишҳо ва семинарҳои байналмилалӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тиб табодули назар карданд.