Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати рушди иқтисод ва рақамикунонии Молдова

06.10.2025 14:55

2 октябри соли 2025 дар шаҳри Кишинёв вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати рушди иқтисод ва рақамикунонии Ҷумҳурии Молдова, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Кристина Чебан баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, афзоиш додани табодули мол, мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg