2 октябри соли 2025 дар шаҳри Кишинёв вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Молдова Сержиу Продан баргузор гардид.
Дар рафти баррасии ҳолати кунунии муносибатҳои байни кишварҳои мо, ҷонибҳо ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова дар соҳаи гуманитарӣ-фарҳангӣ таъкид намуданд. Ба роҳ мондани робитаҳои судманд, аз ҷумла табодули сафарҳои гуруҳҳои ҳунарӣ, баргузор намудани барномаву чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.