Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Форуми «Муколамаи дастгирии саноат 2025: нерӯи пешбари саноати Ҷумҳурии Молдова»

06.10.2025 15:02

3 октябри соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар шаҳри Киев Давлаталӣ Назризода дар Анҷумани байналмилалии «Муколамаи дастгирии саноат - 2025: нерӯи пешбари саноати Ҷумҳурии Молдова», ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Молдова бо сарпарастии Сарвазири Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар форум раҳбарони иттиҳодияҳои касбии намояндагии бахшҳои калидии саноати миллӣ, сиёсатмадорон, коршиносони байналмилалӣ, шарикони рушд ва ҳайатҳои тиҷории кишварҳои хориҷӣ гирдиҳам омада, доираи васеи масъалаҳои афзалиятнок, аз қабили муосиркунонии паркҳои саноатӣ, усулҳои даврии иқтисодиёт, тахассуси зеҳнӣ, инноватсияҳои саноатӣ, рушди нерӯи корӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни форум Сафири Тоҷикистон дар Молдова Давлаталӣ Назризода ҳамчунин бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова Сергей Харя, роҳбари Ассотсиатсияи агентиҳои рекрутингии Молдова (ARA) Петру Малеру ва директори генералии ширкати коркарди маҳсулоти баҳрии Dalmors Group (Fish Market TM) Андрей Коман мулоқот доир намуд, ки дар рафти онҳо имкониятҳои барқарор намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии судманд бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg