11 ноябри соли 2025 дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Украина бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Киев ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар бораи рушди давлатдории тоҷикон маълумот дода, зикр кард, ки дар кишвари мо Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагию тамомияти арзӣ ва пойдории давлат мебошад. Дар ин росто сафир аз хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи фаъолияти намояндагии дипломатӣ ва ҳамкории он бо ҳамватанони муқими Украина сухан гуфта, таъкид намуд, ки соли оянда 35-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта хоҳад шуд ва ба ин муносибат Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҳамватанон баргузор намудани якчанд чорабиниро ба нақша гирифтааст.
Сафир ҳамчунин дар бораи ҳолату дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина маълумот дода, аз ҳамватанони муқими кишвари иқомат даъват ба амал овард, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Украина, муаррифии фарҳанг, таърих ва адабиёти халқи тоҷик, беҳбудии будубоши ҳамватанон дар ин кишвар ҳиссагузор бошанд.