1 декабри соли 2025 дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Украина бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони тоҷикистонии муқими шаҳри Киев ҷамъомади идона доир шуд.
Дар оғози нишасти идона Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода изҳор дошт, ки Парчами миллӣ нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рамзи ҳуввият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии мардуми диёр аст ва ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ эҳтироми ватандӯстона зоҳир намоем.
Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи нақши занону бонувон дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб намудани занон ва бонувон дар мақомоти давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои баланд бардоштани саҳми зан дар рушди мамлакат мусоидат мекунанд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ ҳамчунин дар бораи фаъолияти Сафорат ва ҳамкории он бо ҳамватанони муқими Украина изҳори назар намуда, таъкид кард, ки соли оянда 35-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта хоҳад шуд ва ба ин муносибат Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҳамватанон баргузор намудани чанд ҷамъомади муҳими фарҳангиро ба нақша гирифтааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи ҳолату дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина маълумот дода шуда, аз иштирокдорон даъват карда шуд, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Украина, бахусус муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон дар ин кишвар,фаъолона иштирок намоянд.