Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо соҳибкорони тоҷик дар Украина

11.12.2025 17:28

8 декабри соли 2025 дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Украина мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо соҳибкорони тоҷикистонии муқими шаҳри Киев баргузор шуд .

Дар оғози нишаст Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар бораи зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои дар оянда фароҳам намудани густариши ҳамкориҳои судманд бо Украина муфассал маълумот дод.

Сафири Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории мулоқот фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи судманд, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории тоҷикон дар Украина мебошад

Баъдан дар бораи фаъолияти намояндагии дипломатӣ ва ҳамкории он бо ҳамватанони муқими Украина маълумот ироа гардида, таъкид шуд, ки соли оянда 35-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта хоҳад шуд ва ба ин муносибат Сафорат дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷикистонӣ баргузор намудани якчанд чорабиниро ба нақша гирифтааст.

Сафир аз соҳибкорони тоҷикистонӣ даъват ба амал овард, ки ҳамкориҳои судманди муштаракро бо минтақаҳои Тоҷикистон низ роҳандозӣ намуда, дар корҳои ободонии диёр саҳми худро гузоранд. Ҳоло анъанаи нек аст, ки соҳибкорони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ дар сохтмону азнавсозхии роҳу пулҳо, мактабу боғчаҳои кӯдакона, ифтитоҳи марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар Ватани аҷдодӣ мусоидат менамоянд. Ин шаҳодати равшани иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар раванди ободонии шаҳру навоҳии кишварамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мебошад.

Сафир аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Украина, бахусус дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ, муаррифии фарҳанги тоҷикон, беҳбудии будубоши ҳамватанон дар Украина мусоидат намоянд.

Дар анҷоми мулоқот ба иштирокдорон нусхаи китобҳои ахиран бо забони украинӣ нашршуда, аз ҷумла китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳадя карда шуданд. 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg