16 декабри соли 2025 дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Украина тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар доир гардид.
Дар тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли кормандони намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина иштирок намуданд.