6 апрели соли 2026 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко Владимир Бугров баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илм ва маорифро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба таҳкими робитаҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар зоҳир карда шуд. Ҳамчунин аҳамияти густариши мубодилаи академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ таъкид гардид.