17 апрели соли 2026 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко ва Бунёди дипломатияи мардумӣ ҷашни ботантанаи наврӯзиро дар маркази шаҳри Киев баргузор намуд.
Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ, ки таҳти унвони “Наврӯз – рамзи сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар” дар толори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко доир шуд, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Киев, ректорон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, аҳли илму фарҳанг, соҳибкорон ва ҳамватанони муқими шаҳру вилояти Киев иштирок намуданд.
Пеш аз оғози маросими ифтитоҳи расмӣ ва барномаи консертӣ дар пештолори донишгоҳ Намоиши зебои либосҳои миллии тоҷикӣ ва украинӣ, аксу нигораҳои бонувони тоҷик бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла, чакан, атлас; нигораҳо бо тасвири либоси миллии занони Украина аз бойгонии тарроҳи машҳур Катерина Потлова, китобҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва маводди таблиғотии сайёҳӣ доир гардид. Намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, намунаҳои асбобҳои суруду мусиқӣ ба ҳамагон писанд омад.
Дар маросими пуршкӯҳи ифтитоҳӣ Сафири дар Украина Давлаталӣ Назризода ҳамагонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, дар бораи фазилатҳои Наврӯз, ташаббусҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаҳонишавии Наврӯз, таъсиси Маркази Наврӯз дар кишварамон ва дигар масъалаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуд.
Роҳбари намояндагӣ зикр кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни ниёкони мо буда, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги гузаштагони мо, арзишҳои миллӣ ва таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба як ҷашни фарогир табдил ёфтааст. Ӯ зикр кард, ки бо ташаббуси роҳбари Тоҷикистон дар Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз ифтитоҳ меёбад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Олександр Мишенко низ ҳозиринро бо Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳор дошт, ки Украина ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳад. Кишварҳои мо муносибатҳои эҳтироми мутақобила, муколамаи созанда ва манфиатдориро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ идома хоҳанд дод. Аз дидани намоишгоҳи намунаҳои санъати гулдузии миллии тоҷикону украинҳо “Чакан” ва “Вишиванка” ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин ду миллати бо ҳам дӯст умумиятҳои зиёди фарҳангӣ доранд.
Ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко Володимир Бугров низ ҳозиринро табрик намуда, изҳор дошт, ки баргузории чунин ҷашни зебо бо номи рамзии “Наврӯз – рамзи сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар” дар бузургтарин донишгоҳи таърихии Украина ба равандҳои рушди равобити байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва табодули фарҳанги миллатҳо мусоидат хоҳад кард.
Зимни суханронии табрикотӣ Раиси Бунёди дипломатияи мардумии Украина Фёдер Лавриненко дар бобати ҳамкориҳои муассиса бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар намуд.
Зимни барномаи фарҳангӣ филми мустанади телевизионӣ бо номи “Наврӯз – рамзи сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар” бо забони украинӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар бораи таърихи Иди Наврӯз ҳикоят мекунад.
Барномаи консертии муштарак бо иҷрои суруду оҳангҳо ва рақсҳои миллии ду кишвар бо либосҳои миллии тоҷикию украинӣ ҳамагонро писанд омад. Ҷаззобияти барнома дар он буд, ки наврасону ҷавондухтарони украинӣ, ки дар мактабу муассисаҳои мусиқӣ таҳсил менамоянд, суруду таронаҳо ва рақсҳои миллии моро азбар намуда, онҳоро дар тан либоси миллии идонаи тоҷикӣ иҷро намуданд.
Аз ҷониби донишҷӯёни факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко ашъори классикони назми тоҷик дар васфи Наврӯз бо забонҳои тоҷикӣ ва украинӣ қироат гардид.
Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокдорон гирди мизҳои ҷашнӣ бо хӯрокҳои миллии тоҷикию украинӣ суҳбатро идома доданд.